Изби Хал; ии Демократии То; икистон

икистон
Дар қасри Хофбург, қароргоҳи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена 10 апрел иҷлосияи хотимавии раёсати Швейтсария дар Форуми ҳамкории амниятии САҲА (ФҲА) баргузор гардид, ки зимни он маросими таҳвили раёсати Форуми мазкур аз Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Намояндаи доимии Швейтсария дар САҲА Клод Вилд дар фазои тантанавӣ рамзҳои раиси ФҲА-ро ба Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА Идибек Қаландар супорид. Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳа.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар суханронии худ бо ишора ба сатҳи баланди мудирияти иҷлосияҳо ва бархурди созанда ва шаффофи Швейтсария дар Форум таъкид кард, ки ҷониби мо низ ин равишро дар давраи раёсаташ ҳифз хоҳад кард.

Зимни муаррифии муҳтавои барномаи раёсати Тоҷикистон дар ФҲА барои чор моҳи оянда Намояндаи доимии кишвар изҳор дошт, ки раёсати Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби бештари таваҷҷуҳи кишварҳои ширкаткунандаи САҲА ба масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин зарурати таҳкими ҳамкорӣ миёни САҲА ва созмонҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ талош хоҳад кард. Дар баробари ин, тайи ин давра баррасии мавзӯъҳои маъмулии FSC аз ҷумла чораҳои таҳкими амният, мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон (SALW) ва силоҳи муқаррарӣ (SCA), баррасии раванди татбиқи муқаррароти қатъномаҳои 1540 1325-ва и Шӯрои амнияти СММ идома хоҳанд ёфт.